гумонбарӣ — [گمان بري] гумон бурдан, шубҳа кардан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
шубҳа — [شبهه] а. шак, гумонбарӣ; ба шубҳа андохтан касеро бадгумон кардан, ба шак андохтан; ба (дар) шубҳа афтодан бадгумон шудан, гумонбар шудан; шубҳа доштан дилпур набудан, шак доштан; шубҳа кардан гумонбар шудан, шак доштан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
баддил — [بددل] 1. бадгумон, гумонбар, шубҳакунанда; баддил шудан гумонбар шудан аз касе, дар ҳаққи касе шубҳа кардан 2. тарсончак, тарсу, буздил … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гумондор — [گمان دار] 1. ниг. гумонбар 2. он ки дар ҳаққи касе гумони бад мекунад … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гумонманд — [گمانمند] шубҳадор, тардидкунанда, гумонбар … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
мазанна — [مظنه] а. кит 1. ҷои гумонбарӣ, ҷое, ки ба будани чизе гумон меравад 2. занн, гумон, пиндор … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
шакк — I [شک] а. шубҳа, гумон; ба шак афтодан шубҳа кардан; шак доштан шубҳа доштан, гумонбар шудан; шак овардан шубҳа кардан ба дурустии ақидае (бештар ақидаи динӣ) II [شک] а. ниг. шак … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ